Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гар набудӣ ӯ, наёбидӣ фалак,
Гардишу нуру маконии малак.
Гар набудӣ ӯ, наёбидӣ биҳор
Ҳайбату моҳиву дурри шоҳвор.
Гор набудӣ ӯ, наёбидӣ замин
Дар даруна ганҷу берун ёсамин.
Ризқҳо ҳам ризқхорони вайанд,
Меваҳо лабхушки борони вайанд.

Пас, хулоса ин шуд, ки “Инсони комил” аз дидгоҳи Мавлоно, касест, ки аввалан, халифа ва ноиби Ҳаққ дар рӯйи замин аст ба ин эътибор, ки чун инсони комил инсонест, ки ба ҷое расида, ки ҷуз Худо намебинад, аз ин рӯ, тамоми вуҷудаш ҳикоятгари Ҳақ мешавад. Ва сониян, инсони комил воситаи файзи илоҳӣ мебошад. Ва яқинан, худи Мавлавӣ низ, аз ҷумлаи афродест, ки дар натиҷаи тайи мароҳили сайру сулук ба мақоме расида, ки ҷуз авлиёи барҳаққи илоҳӣ ба он намерсанд. Бархе аз бузургони водии ирфон бар ин боваранд, ки агар Мавлоно худ дар ин водӣ қарор надошт, маҳол буд аз ӯ Маснавӣ, ин асари бебаҳо суруда шавад”.
Хулоса, назари дар боло омадаи Мавлоноро бо байти худаш ҷамъбаст мекунем:

Чун қабули Ҳақ бувад он марди рост,
1 Дасти ӯ дар корҳо дасти Худост.

Дар асоси навиштаҳои боло, нишонаҳои Инсони комилу анбиёву валӣ як аст:
1 Сайид Иброҳим Ҳикмат. Қуръон дар “Маснавӣ”. Қисми 12. – Душанбе, 2007. – С.152.

пешина
аз 53
навбатӣ