Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте Инсони комилро бубинӣ, албатта, номи Парвардигор ба ёдат меояд; Ҳар ҷое ки Инсони комил бошад, як фазои орому осудаю покизагӣ ва исломӣ ҳукмфармо мешавад; Аз сӯҳбати Инсони комил кас роҳат мекунад ва чизе меомӯзад. Ӯ фақат роҳи дурустро ҳидоят мекунад; Инсони комил оҷизу хоксор пеши Холиқаш аст; Аз гуфтори Инсони комил фақат бӯйи адолат меояд; Дар ҳузури Инсони комил ва аз сӯҳбаташ кас оромӣ ҳис мекунад ва беихтиёр ӯро эҳтиром менамояд; “Шакли зоҳирии Инсони комил, ки ҷилвагари ахлоқи зебои Пайғамбар(с) мебошад, ҳамсӯҳбатро оромиву осоиш бахшида,, ӯро ғарқи олами маънавӣ ва зикри Аллоҳ таъолою рӯзи қиёмат ме-
1 намояд.” Инсони комил нигаҳдорандаи асрори илоҳӣ аст.
Ӯ муқаррабии худро ба Холиқаш ва онро, ки байни ӯ ва дунё парда бардошта шудааст, пинҳон нигоҳ медорад. Риёкорӣ ба ӯ хос нест. Инсони комил дар роҳи ризои Худо амал мекунаду ифшо кардани онро лоиқ намедонад, чунки он риёст; Инсони комил айбу нуқсонро ҷустуҷӯ накарда, баръакс, пинҳон мекунад; Ҳар як рафтори Инсони комил санҷида ва андешида шудааст ва ғайра.
Агар пайғамбарон як саду бисту чор ҳазор нафарро ташкил диҳанд ва авлиё дар як давраи му- У.Н. Топбаш. Тасаввуф – аз имон ба эҳсон. – С.292.

пешина
аз 53
навбатӣ