Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он ки ӯро чашми дил шуд дидабон,
1
Дид хоҳад чашми ӯ айнул-аён.
(Ҷалолиддини Румӣ)

Азизиддини Насафӣ чунин фармудааст: “Бидон, ки баъзе одамиён намедонанд, ки дар ин олами сифлӣ мусофиранд ва ба талаби камол омадаанд, чун намедонанд ба талаби камол машғул нестанд, шаҳват ба тан ва шаҳвати фарҷ ва дӯстии фарзанд эшонро фирефта аст ва ба худ
2 машғул гардонида аст”.
Дар айёми кӯдакӣ фарзанди одам ба хотири гирифтани буридаи ноне, як себ ва ё чизи беарзише гиря мекунад ва баръакс, бо ба даст овардани он хушҳол мешаваду механдад. Он замон ӯ шахсият надорад. Вақте соҳиби шахсият шуд, ҳар чизи оддӣ ӯро ба гиря ё хушҳолӣ оварда наметавонад.
Пас, пасткашҳо, дуздон ва, умуман, ҷинояткорон шахсияти худро дуруст дарк накардаанд. Аз ин андешарониҳо ба хулосае меоем, ки агар қисмати зиёди аъзоёни ҷамъият дорандаи шахсият бошанд, бисёр чиз ба тарафи хубӣ тағйир хоҳад ёфт ва фаъолияти органҳои нигаҳдорандаи тартиб каме осон хоҳад шуд.
Одам ҳанӯз аз лаҳзаҳои таваллуд ба тарбият эҳтиёҷ дошта, берун аз он вуҷуд дошта наметавонад. Илова бар ин, кас маҳз туфайли тарбия ба хис латҳои инсонӣ соҳиб гашта, аз шахс ба шахсият табдил меёбад.
Шайх Саъдӣ гуфтааст:
1 Айн ул-аён – возеҳ, равшан.
Азизиддини Насафӣ. Инсони комил. – С.54.

пешина
аз 53
навбатӣ