ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
Хондану заҳмати чандмоҳаро ба сӯҳбати кӯтоҳмуддати одамони бузург онҳо баробар намекунанд. “Меваи биёбонӣ, ки худраста бошад, ҳаргиз баробар набошад ба меваи бӯстонӣ, ки боғбон ӯро парварида бошад”.
Ёри мардони Худо бош, ки дар киштии Нӯҳ,
Ҳаст хоке, ки ба обе нахарад тӯфонро.
(Хоҷа Ҳофиз)
Мувофиқи таълимоти Тасаввуф, фарзанди одам ба бисёр сифатҳои Илоҳӣ мушарраф шудааст, ки вобаста ба амали он ва шароит дар ҳар кас ҳар хел ошкор мегарданд ва дараҷаи инкишофи инсонро нишон медиҳанд.
Ин чароғи шамс к ӯ равшан бувад,
Наз фатилу пунбаву равған бувад.
(Ҷалолиддини Румӣ)
Ба тарафи дигари масъала рӯ меоварем. Бояд
дар хотир дорем, ки ҳар қадар гуноҳҳои содиркардаи инсон ӯро дар ҷамъият ба пастӣ набаранд
ҳам, моҳияти офариниш дар қалби вай, ё асрори офариниш дар вай бетағйир мемонад. Ин аст
мавқеъи Ирфон¸ “ки вай инсони зиндаро новобаста аз сатҳи разолату ҳамоқату пасту ҳақир будан, ҷузъи зиндаи ҷомеъ медонад, ки имкон дорад
худро ислоҳ намуда, ҳақро аз ботил ва хайрро аз
шар бишиносад. Ӯро беморе меҳисобад, ки имрӯз навмеду маъюс гашта, даст ба шаробу маю қимор задааст, маънию ҳадафи зиндагӣ ва қадру мақоми хешро аз даст додааст, вале ниёзманди табобату дармон, раҳму шафқат, лутфу меҳрубонӣ, меҳру муҳаббати инсонӣ, самимияту ихлос ва қалби саршори одамият, бахшандагиву итминон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё