ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
То замоне ки рӯҳ ҳанӯз дар бадан ҷойгузин аст, имкони ислоҳ кардан, табобат кардан, марҳам молидани ҷароҳати рӯҳи бемору фиребхӯрдаву хатокардаи ӯ
1 вазифаи ҳар инсон аст”.
Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ боз о,
Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о.
Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,
Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.
(Ҷалолиддини Румӣ)
Бояд эътироф намоем, ки таърих гувоҳи он аст, ки бани Одам нисбати тарбияи инсонҳои комил ба орзуи муқаддаси худ расид. Пайғамбарону саҳобаҳову авлиё ва дигар комилон ба воя расиданд, ки сатҳи олитарини ахлоқи ҳамидаро соҳиб буданд ва ҳаёти шарафмандона мегузарониданд. Камолоти рӯҳӣ ва қалбии инчунинҳо, сатҳи баландтарини маънавии зиндагонию фаъолияти онҳо ба атрофиён чун офтоб рӯшанию гармӣ мебахшид, онҳоро ба роҳи нек ҳидоят менамуд. Ин бузургон бо роҳи тайнамудаашон намунаи олитарине буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҷамъият аз ҷинояткорон ва бадкорон холӣ нашуд. Ин қонуни тараққиёт аст.
Мо медонем, ки камолоти инсон асосан тавассути хулқи зебои ӯ низ зоҳир мегардад. Ва инсонҳои Усмон Нури Топбаш, “Тасаввуф – аз имон ба эҳсон. – С.7.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё