Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

-Аввалан, шартҳои қатъи истеҳсолоти корхонаро дақиқ муайян кардан мумкин аст (агар корхона хароҷоти миёнаи тағйирёбандаашро напӯшонад, бояд истеҳсолро қатъ кунад).

-Дуюм, масъалаи зериниркунии фоида ва муносибгардонии вазъи тағйири онро дар шароити рақамҳои мавҷудаи корхона, аз ҳисоби ихтисори нисбии ин ё он хароҷот ҳал метавон кард.

-Сеюм, бо чунин тақсимкунии хароҷот ҳаҷми камтарини истеҳсолу фурӯши маҳсулотро, ки барои расидан ба безарарии тиҷорат (ҳадди даромаднокӣ) лозим мебошад, муайян кардан мумкин аст.

Барои ҳисоби ҳадди даромаднокӣ чунин усулҳо татбиқ карда мешаванд:

  • усули математикӣ (усули муодила);
  • усули даромади маржиналӣ (фоидаи умумӣ);
  • усули графикӣ (тасвирӣ).

Усули математикӣ (усули муодила). Барои ҳисобкунии даромаднокӣ аввалан формулаи ҳисоби фоидаи корхона навишта мешавад:
Ф = МФ – Хд – Хт,

Дар ин ҷо: Ф - фоида; МФ – маблағи аз фурӯш бадастомада; Хд - хароҷоти доимӣ; Хт - хароҷоти тағйирёбанда.

Ё ҳамин формула метавонад чунин намуд дошта бошад:
Ф = Н.воҳҲФ – Хт.воҳҲФ – Хд,

Дар ин ҷо: Н.воҳ - нархи воҳиди маҳсулот; Хт.воҳ - хароҷоти тағйирёбанда ба ҳар воҳиди маҳсулот; ҲФ – ҳаҷми фурӯш дар нуқтаи безарарӣ, воҳиди маҳсулот.

Сипас дар қисми чапи муодила ҳаҷми фурӯш (ҲФ) аз қавсайн бароварда, қисми росташ - фоида – ба сифр баробар карда мешавад (чунки ҳадафи ин муодила муайян намудани нуқтаест, ки дар он корхона фоида надорад):

ҲФ*(Н.воҳ – Хт.воҳ) – Хд = 0,

Дар ин асно дар қавсайн даромади маржиналӣ (фарқи байни маблағи фурӯши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ, мол) ва хароҷоти

пешина
аз 151
навбатӣ