Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гуногун кумак мерасонад;
• барои муайян намудани сарчашмаҳои дурнамои тамвил ва уҳдадориҳои муҳимтарини давраи пешгӯӣ ёрӣ мерасонад.

  1. Нақшаи тавозунии ҷамъбастии дороиҳову уҳдадориҳои корхона

Тавозуни дороиҳо ва уҳдадориҳои корхона вазъи онҳоро дар корхона дар санаи муайян инъикос мекунад. Зимни таҳияи он нақшаҳои пештар омодашудаи даромаду хароҷот ва тавозуни воридоту пардохтҳои пулӣ истифода бурда мешавад. Тавозун чунин намуд дорад:

Дороиҳо:
Воситаҳои асосӣ ва дигар дороиҳои ғайригардон, аз ҷумла:
• Дороиҳои ғайримоддӣ;
• Воситаҳои асосӣ.

Захираҳо ва хароҷот, аз ҷумла:
• Захираҳои истеҳсолӣ;
• Ашёҳои камарзиш ва зудхӯрдашаванда;
• Истеҳсолоти нотамом;
• Хароҷоти давраҳои оянда;
• Маҳсулоти тайёр.

Воситаҳои пулӣ, ҳисоббаробаркуниҳо ва дороиҳои дигар, аз ҷумла:
• Ҳисоббаробаркуниҳо бо дебиторон;
• Суратҳисоби ҳисоббаробаркунӣ;
• Суратҳисоби арзӣ (асъорӣ);
• Хазина.

Уҳдадориҳо:
Манбаъҳои воситаҳои худӣ, аз ҷумла:
• Сармояи оинномавӣ;
• Сармояи изофа;
• Сармояи захира;
• Фоидаи тақсимнашудаи солҳои гузашта.

пешина
аз 151
навбатӣ