Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳисоббаробаркуниҳо ва уҳдадориҳои дигар, аз ҷумла:
• Қарзҳои дарозмуҳлат;
• Қарзҳои кӯтоҳмуҳлат

  1. Таҳлили безарарӣ

Таҷриба нишон медиҳад, ки истеҳсоли ин ё он мол дар ҳолате фоидаовар хоҳад шуд, ки корхона дар сатҳи наздик ба сатҳи иқтидорӣ лоиҳавияш фаъолият намояд. Зимнан баъзе лоиҳаҳо дар давоми давраи кӯтоҳ, дар оғози татбиқ зарар меоранд, дигарҳояш муддати дурудароз зараровар боқӣ мемонанд.

Сабабҳои натиҷаҳои бад бисёранд: нуқсонҳои лоиҳа, камчинии воситаҳои асосӣ ва гардон, сифати пасти ашёи хом ё маҳсулоти тайёр, бесамарии истеҳсолот, ҳаҷми норасои бозор, сиёсати нархгузории корхона ва монанд инҳо.

Нуқтае, ки дар он даромади умумӣ бо хароҷоти умумӣ баробар аст, нуқтаи безарарӣ номида мешавад. Таҳлили ҳолати безарарӣ, ошкор намудани ҳаҷми фурӯше, ки ҳангоми он даромад аллакай хароҷотро мепӯшонад, қисмати ҷудонопазири банақшагирии молиявӣ мебошад.

Таҳлили безарарӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми фурӯш чӣ гуна бошад, то корхона бидуни кӯмаки беруна уҳдадориҳои пулии худро иҷро карда тавонад. Чунин таҳлил барои дарёфти баҳои маблағи фурӯш, ки барои безарарии корхона зарур аст, имконият медиҳад.

Таҳлили безарарӣ ё тавре онро баъзан чунин ном мебаранд, муносибати таҳлилӣ ба таҳқиқи робитаи байни хароҷоту даромад дар сатҳҳои гуногуни истеҳсолот хусусан дар чунин ҳолатҳо муфид аст:
• барои банақшагирии ҷорӣ - таъмини иттилоотӣ барои қабулкунии қарорҳо тариқи таъсиррасониши тағйироти нархи маҳсулот, ҳаҷми фурӯш, андозаи хароҷот, инчунин пешгӯии фоида, селан пулӣ;
• барои арзёбии лоиҳаҳо - таъмини иттилоотӣ барои қабулкунии қарор оид ба мақбул будани лоиҳа ё хароҷоту даромади пешгӯишуда;
• барои таҳяи лоиҳаҳо - муайян намудани андозаи муносиби иқтидорҳои истеҳсолӣ, сармояи лозимаи ибтидой ва ғайраҳо.

Ҳангоми таҳлили ҳолати безарарӣ хароҷот одатан ба хароҷоти тағйирёбанда ва шартан доимӣ (бетағйир) тақсим карда мешаванд. Тавре маълум аст, хароҷоти тағйирёбанда хароҷоте мебошанд, ки мустақиман аз ҳаҷми истеҳсол вобастаанд — ашёву масолеҳ, музди

пешина
аз 151
навбатӣ