Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
меҳнати коргарон ва ғ.; ба хароҷоти доимӣ истеҳлок, хароҷоти иҷора ва лизинг, пардохти фоизҳои қарз, музди меҳнати роҳбарон ва ғайраҳо дохил мешаванд.
- Стратегияи молиякунонӣ
Молиякунонии корхона унсури бунёдии расидан ба комёбиҳои соҳибкорист. Ҳар корхона зимни банақшагирӣ бояд пурра ва аниқ дарк намояд, ки барои оғози амалиёт чӣ қадар маблағгузорӣ зарур аст, барои дастгирии кори оғозшуда кадом воситаҳо лозим хоҳанд шуд, ва аз куҷо пул дарёфт кардан мумкин аст.
Маблағеро, ки барои оғоз намудани кор лозим аст, бо ёрии рӯйхатти дороиҳо муайян метавон кард, ки ба сурати нақд ва бо баҳои арзишӣ пайдо бояд намуд. Мақсади зинаи баъдии банақшагирӣ кафолати мавҷудияти воситаҳо барои таъмини се ҳолати асосӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ мебошад:
• Мавҷудияти сармояи кофӣ барои хариди корхонаи аллакай амалкунанда; ё дар сурати кушоиши кори нав – сармояи кофӣ барои пӯшонидани хароҷоти рушд;
• Мавҷудияти ҳаҷми кофии фондҳои гардон дар моҳҳои аввал, вақте ки селаи маблағи нақд маҳдуд аст;
• Мавҷудияти захираи кофии сармоя барои пӯшонидани хароҷоти берун аз нақша, ки дар марҳилаи ибтидоӣ бисёр ҷой доранд. Маблағи тавсияшаванда одатан 10-15% аз арзиши ибтидоӣ ё арзиши хариди таҷҳизотро ташкил медиҳад.
Дар фасли стратегияи молиякунонӣ ва таҳлили рушд бояд нақш гирифтани воситаҳо барои таъсис ё тавсеаи корхона оварда шавад. Зимнан ба суолҳои зерин ҷавоб бояд дод:
- Барои амалисозии ин лоиҳа чӣ миқдор маблағ лозим аст.
Посухи ин суолро аз фасли пешини бизнес-нақша бо номи «Нақшаи молиявӣ» гирифтан мумкин аст.
- Манбаъҳои захираҳои молиявӣ ва шаклҳои ба даст овардани онҳо.
Манбаъҳо инҳо шуда метавонанд:
а) маблағҳои худӣ;
б) қарзҳои бонкӣ;
в) ҷалб кардани маблағҳои шариқон;
г) ҷалб кардани маблағҳои саҳмдорон ва ғайраҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё