Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

4.2. Ҳисоботи молиявии корхона ҳамчун заминаи иттилоотии
таҳлили молиявӣ

Ҳисоботи молиявӣ — маҷмӯи нишондиҳандаҳои баҳисобгирӣ мебошад, ки дар шакли ҷадвалҳои муайян инъикос ёфта, ҳаракати амвол, уҳдадориҳо ва ҳолати молиявии корхонаро дар давраи ҳисоботӣ тавсиф медиҳанд.

Ҳисоботи молиявӣ ин низоми маълумот дар бораи вазъи молиявии ширкат, натиҷаҳои молиявии фаъолият, тағйири вазъи молиявии он буда, дар асоси маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ тартиб дода мешавад.

Ҳама ширкату созмонҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ бояд давра ба давра ҳисоботи молиявии худро дар бораи фаъолияташон ба саҳмдорони муассисони худ, мақомоти давлатии назораткунанда пешниҳод намоянд. Ҳисоботи молиявӣ барои ҳисоби андозҳои пардохташаванда, инчунин барои фаҳмидани чигунагии кори корхона, муваффақ ё номуваффақ будани он, иҷро кардан ё накардани вазифаҳои оинномавиаш ва ноилшавӣ ба мақсадҳо, дурустии интихоби стратегия ва роҳи рушди он, мушкилоти кори ширкат ва роҳҳои канорагирӣ аз онҳо имконият медиҳад. Таҳлили молиявӣ ба ҳамин ва бисёр суолҳои дигар посух медиҳад, фақат онро истифода бурда тавонистан лозим асту халос.

Ҳисоботи молиявӣ аз ҳуҷҷатҳои зиёде иборат аст, ки номгӯи пуррашонро қонунгузорӣ муқаррар намудааст. Масалан, ба шумори ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии молиявӣ ҳисобот оид ба фоида ва зиёнҳои корхона, тавозуни муҳосибӣ, шаклҳои дигари ҳуҷҷатҳо дохил мешаванд. Ба ғайр аз ин, ҳисоботи молиявӣ метавонад хулосаи аудиториро дар бораи дурустии ҳуҷҷатҳои таркиби ҳисоботи молиявӣ дар бар гирад.

Маълумоти ҳисоботи молиявӣ барои қабулномаи қарорҳои идоравӣ имконият медиҳанд. Ҳисоботи молиявӣ дар идораи ширкат ё ташкилот нақшу мақоми муҳим дорад. Тавозуну ҳисобҳо имкон медиҳанд, ки дар чорчӯбаи ҳисоботи молиявии корхона маҷмӯи иттилооти муҳими зарурӣ барои роҳбарияти корхона ва афзудани самаранокии кори он фароҳам сохта шавад.

Дар асоси маълумоти ҳисоботи молиявӣ роҳбари таҷрибанок
метавонад модели идораи корхонаро чунон тағйир диҳад, ки он ба
вазифаҳо, мақсадҳо ва рисолати шахси ҳуқуқӣ мувофиқ шавад. Аммо

пешина
аз 151
навбатӣ