Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
истифодаи онҳо дода шуда, усулҳои истифодаи пурратари иқтидори ширкат, такмили тахассуси кормандони шахси ҳуқуқӣ марди таҳқиққарор дода шавад. Ҳамин тариқ, мактуби тавзеҳӣ ба ҳисоботи молиявӣ ба усулҳои гуногуне бахшида шудааст, ки бо ёрии онҳо фоиданокӣ ва самараи ширкатро афзудан мумкин аст.
Ҳисобот дар бораи фоида ва зарарҳо дар таркиби ҳисоботи молиявӣ натиҷаҳои молиявии фаъолияти шахси ҳуқуқиро дар давраи ҳисоботӣ тасвир менамояд. Ҳисобот дар бораи ҳаракати сармояи ширкат дар таркиби ҳисоботи молиявӣ тағйирёбии таркиби воситаҳои ширкатро нишон медиҳад. Ниҳоят, ҳисобот дар бораи ҳаракати воситаҳои пулӣ оид ба харҷи маблағҳои ширкат, воридшавии он дар давраи ҳисоботӣ ва бақияи он тасаввурот медиҳад. Зимнан дар ҳисоботи молиявӣ ҳатман бояд маълумот дар бораи воситаҳои қарзии ширкат, қарзҳои он инъикос гардад.
Ҳисоботи молиявӣ ҳама ҷиҳатҳои фаъолияти субъекти амалкунандаи хоҷагидорро фаро мегирад ва вобаста ба мазмунаш ба ҳисоботи муҳосибӣ, оморӣ, идорӣ ва ҳисоботи андоз тақсим карда мешавад.
-
Ҳисоботи муҳосибӣ низоми ягонаи нишондиҳандаҳое мебошад, ки дар асоси маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ, дар хусуси вазъи амволӣ ва молиявии ташкилот ва натиҷаҳои фаъолияти он дар давраи ҳисоботӣ гирифта шудаанд.
-
Ҳисоботи оморӣ инъикосгари нишондиҳандаҳои алоҳидаи иқтисодии фаъолияти молиявии хоҷагидории ташкилот аст, ки дар заминаи маълумоти баҳисобгирии оморӣ, ҷории техникӣ ва муҳосибӣ ба даст оварда шудаанд.
-
Ҳисоботи идорӣ фарогири маълумот дар бораи нишондиҳандаҳои муҳимтарини фаъолияти молиявии хоҷагидории ташкилот буда, барои назорату идораи ҷории равандҳои асосии хоҷагӣ истифода бурда мешавад. Мундариҷа, даврабандӣ, муҳлат ва тартиби таҳияи ин ҳисоботро ташкилот мустақилона муайян мекунад. Аммо, муфиду самараноктар аз ҳама таҳияи ҳисоботи идоравиест, ки мундариҷа ва тартиби таҳияаш ба қоидаҳои ҳисоботи муҳосибӣ асос ёфта бошанд.
-
Ҳисоботи андоз иттилоотеро дар бар мегирад, ки барои мақсадҳои молиявӣ зарур аст. Он дар шакли эъломияи намудҳои пардохт тартиб дода мешавад. Зимнан қисме аз шаклҳои ҳисоботӣ аз рӯи маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ, қисми дигараш аз рӯи маълумоти баҳисобгирии андоз таҳия мегардад, ки аксаран баробари баҳисобгирии муҳосибӣ пеш бурда мешавад. Баробар пеш бурдани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё