Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳисоботи молиявӣ на танҳо барои роҳбари ширкат тайин шудааст, он ҳуҷҷати оммавист ва бисёр шахсон метавонанд бо он ошно шаванд. Ин ҳамчунин чунин маъно дорад, ки ҳисоботи молиявӣ дар нашрияҳои махсусгардонидашуда ба табъ мерасад ва шиносоӣ бо он барои тақвияти назорати кори ширкат аз ҷониби шарикони тиҷоратӣ, саҳмдорон ва мақомоти манфиатдори давлатӣ имкон медиҳад.

Иҷрои талабот нисбати барасмиятдарорӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ имкон медиҳад, ки он барои тамоми кишвар ягона ва якхела карда шавад ва яъне – барои истифодабарӣ ҳам қулайтар бошад.

Таҳияи ҳисоботи молиявӣ аз ду марҳила иборат аст:

  • омодасозии мавод;
  • таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ.

Ҳангоми омодагӣ ба таҳияи ҳисоботи молиявӣ тамоми амалиёти муҳосибии лозимаи охири соли ҳисоботиро тамом карда, ҳама маълумоти молиявиеро, ки барои таҳлили ҳисобот заруранд, санҷидан лозим аст. Ҳамчунин ҳангоми омодагӣ ба таҳияи ҳисоботи молиявӣ ҳисоби тамоми андозҳои пардохтан, инвентаризатсияи амволи ширкатро анҷом дода, тамоми иштибоҳоти ошкоршуда зимни пешбурди муҳосиботро дар давраи ҳисоботӣ ислоҳ намудан зарур мебошад.

Ҳисоботи молиявӣ мувофиқи талаботи дар боло зикршуда, инчунин тибқи дастурҳои гуногуни идоравии методӣ таҳия карда мешавад. Ҳисоботи молиявӣ бояд сари вақт ба ҳама мақомоти манфиатдор, ки номгӯяшонро ҳамчунин қонунгузорӣ муайян мекунад, пешниҳод гардида, зимнан мутобиқи талабот нисбати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳисоботи молиявӣ имзо ва тасдиқ карда шавад.

Тавре аллакай гуфтем, ба ҳисоботи молиявӣ ҳуҷҷатҳои гуногун дохил мешаванд. Пеш аз ҳама ин тавозуни муҳосибот аст. Дар ин ҳуҷҷати ҳисоботи молиявӣ ҳолати моддии ширкат дар давраи ҳисоботӣ инъикос карда мешавад.

Ҳамчунин, ба ҳисоботи солонаи молиявӣ мумкин аст мактуби тавзеҳӣ илова карда шавад. Дар он лаҳзаҳои пуркунии шаклҳои ҳисоботи молиявӣ тавзеҳ ёфта, дигар баёноти матлуб дода мешаванд, ки бо ёрии онҳо ҳисоботи молиявӣ дурусттар, шаффоф ва аёнтар мегардад.

Барои иҷроиши талаботи аёнияти ҳисоботи молиявӣ дар мактуби
тавзеҳӣ ба таври васеъ диаграмма, график, ҷадвалҳо ва дигар мавод
истифода бурда мешаванд. Дар матни ҳисоботи молиявӣ бояд
принципҳои арзёбии захираҳои истеҳсолӣ баён карда, таҳлили

пешина
аз 151
навбатӣ