Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Мавзӯи 5. ИДОРАКУНИИ СЕЛАҲОИ ПУЛИИ ТАШКИЛОТ
5.1. Моҳият ва мафҳуми селаҳои пулӣ
5.2. Намудҳо ва таркиби селаҳои пулӣ
5.3. Вазифа ва марҳилаҳои таҳлили селаҳои пулӣ
5.4. Таҳлили ҳисобот оид ба ҳаракати воситаҳои пулӣ
5.5. Таҳлили тақвими хароҷот
5.1. Моҳият ва мафҳуми селаҳои пулӣ
Идораи ҳаракати воситаҳои пулӣ ин на танҳо идоракунии бакон корхона, балки зиёда аз он идоракунии ҳаракатдиҳандаи сармоя бо назардошти тағйироти арзиш дар давоми вақт мебошад. Дар рафти гардиш фондҳои гардон ногузир шакли амалии худро тағйир дода ва дар натиҷаи фурӯши маҳсулоти тайёр ба воситаҳои пулӣ табдил меёбанд. Воситаҳои асосӣ бештар дар суратҳисоби ҷории бонкии корхона нигаҳдорӣ мешаванд, чунки қисмати асосии ҳисоббаробаркунии миёни субъектҳои хоҷагидор ба таври ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад. Миқдори начандон калони воситаҳо дар хазинаи корхона ҷойгир мешавад. Ба ғайр аз ин, воситаҳои пулии харидорон то тамоман шуданашон метавонанд дар ҳисобҳои аккредитивӣ ва дигар шаклҳои ҳисоб вуҷуд дошта бошанд.
Ҳамин тавр, ба таркиби воситаҳои пулие, ки дар дороиҳои гардон ба ҳисоб гирифта мешаванд, инҳо шомил мегарданд:
- хазина;
- суратҳисоб;
- суратҳисоби асъорӣ;
- сармоягузориҳои молиявии кӯтоҳмуддат.
Воситаҳои пулидоронҳои нисбатан серхаридоре мебошанд, ки бояд ба андозаи муайян ҳамеша дар таркиби воситаҳои гардон бошанд, вагарна корхона ғайри қобили пардохт шинохта хоҳад шуд.
Идораи воситаҳои пулӣ тавассути пешгӯии селаи пулӣ, яъне воридот ва содироти воситаҳои пулӣ амалӣ карда мешавад. Муайян намудани воридоту содироти пул дар шароити таваррум, хусусан барои соли молиявӣ, метавонад хеле мушкил ва хато бошад.
Ҳаҷми воридоти пешбинишавандаи воситаҳои пулӣ аз фурӯши
маҳсулот бо назардошти муҳлати миёнаи пардохти ҳисобҳо ва фурӯш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё