Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
дар қарз ҳисоб карда мешавад. Ба ғайр аз ин, таъсири амалиёти ғайрифурӯш ва дигар воридот муайян карда мешавад.
Дар баробари ин содироти воситаҳои пулӣ, яъне пардохти пешбинишавандаи ҳисобҳо барои молҳои (хизматрасониҳои) воридшуда - асосан пардохти қарзи кредиторӣ, пешгӯӣ карда мешавад. Пардохтҳо ба буҷет, ба мақомоти андоз, пардохти дивидендҳо, фоизҳо, музди меҳнати кормандони корхона, сармоягузориҳои имконпазир ва хароҷоти дигаро ҳам ба назар мегиранд.
Дар натиҷа фарқи байни воридоту содироти воситаҳои пулӣ селаи пулии соф бо аломати мусбат ё манфӣ муайян мешавад. Агар ҷамъи содирот бештар бошад, барои таъмини селаи пулии пешгӯишаванда андозаи маблағгузории кӯтоҳмуддат дар намуди қарзи бонкӣ ё дигар навъи воридшавӣ ҳисоб карда мешавад.
Пешгӯии воридот ва пардохтҳои мавриди интизор дар шакли ҷадвалҳои таҳлилӣ бо тақсимкунӣ ба моҳ ё семоҳаҳо ба расмият дароварда мешавад. Дар заминаи андозаи селаҳои софи пулӣ тадбирҳои оид ба муносибгардонии идораи воситаҳои пулиро меандешанд.
Таҳлил ва идораи селаи пулӣ барои муайян намудани сатҳи муносиби он, қобилияти пардохтани уҳдадориҳои ҷории корхона ва баамалбарории фаъолияти сармоягузорӣ имконият медиҳад. Вазъи молиявии ширкат ва имкони зудтар мутобиқшавии он дар сурати дигаргуниҳои ғайричашмдошти бозори молиявӣ маҳз ба самаранокии идораи селаҳои пулӣ вобаста аст.
Идоракунии селаҳои пулӣ ба таркиби менеҷменти молиявӣ дохил шуда, дар чорчӯбаи сиёсати молиявии корхона амалӣ мегардад.
Сиёсати молиявии корхона идеологияи умумиест, ки корхона барои расидан ба мақсади умумиқтисодии фаъолияташ онро риоя мекунад.
Вазифаи сиёсати молиявӣ сохтани низоми самараноки идораи молия аст, ки расидан ба мақсадҳои стратегӣ ва тактикии фаъолияти корхонаро таъмин менамояд.
Дар фаъолияти ҳама гуна корхона се нишондиҳандаи муҳимтарини молиявӣ инҳо мебошанд:
- маблағи аз фурӯш бадастомада (маблағи фурӯш); 2) фоида; 3) сели воситаҳои пулӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё