Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ЗАҲРИ ФИРЕБ

Бовар бикун хаставу афсурдаам, баҳор,
Заҳри фиреби раҳгузаре хӯрдаам, баҳор.

Бишниданист гиряи зорам, ки мотамист,
Нодиданист зиндагии мурдаам, баҳор.

Бар сабзаҳои пур зи сурурат салом гӯй,
Ҳам бар кабӯтарон, ки дилозурдаам, баҳор.

Бар лолаву бунафшаву сербаргаат паём,
Ҳарчанд сард гаштаву пажмурдаам, баҳор.

Аз Робияи хастаи шоир шуниданист,
Инак, баҳор гашт, вале мурдаам баҳор...

пешина
аз 76
навбатӣ