Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданСУРОҒИ ВАСЛ
Чашмони роҳпои маро гиря кӯр кард,
Кӯрӣ маро зи кӯчаи васли ту дур кард.
Ту сангу ман булӯру ҳадисе нагуфтанист,
Зулме, ки дасти санг ба ҷони булӯр кард.
Эй он ки навбаҳор нафас мекашад туро,
Мӯсо суроғи лолаи васлат ба Тӯр кард.
Гуфтам ба гӯр ишқи туро кушта мениҳам,
Ин ишқ зинда кушт марову ба гӯр кард.
Ширин бувад наволаи шеъри ту, Робиа,
Ҳарчанд чарх хони ҷониби ту шӯр кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё