Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мусиқияш бисёр баланд буд ва ронанда низ зери лаб сурудро ҳамроҳи сароянда замзамакунон, фармони автобусро бо зарби мусиқӣ ҳамнавохт маҳин-маҳин мекӯбид.
Дигар дили холаи Садафмо ба кафидан наздик мешуд. Боз як бори дигар ба тарафи мошини бензиндор нигоҳи хастае партофт.
Аммо ӯ чӣ медид, Худоё! Ё ӯ девона шудааст ё чашмонаш ӯро фиреб медиҳанд. Не-не, ин ҷо иштибоҳе нест. Яқинан якто буданд ва ҳозир дуто шудаанд он мошинҳо бо бори маргборашон.
– Худоё! Раҳми бандагонатро худат бихӯр, бар ҳоламон раҳм кун! – илтиҷо ба холиқи Қодир бурд. Дигар сабрашро аз даст дода, ба мардум рӯй овард:
– Ҳой мардум, хобед магар? Ин мошинҳоро бинед дар баратон, марг баробаратон меояд, аммо шумо хобед?! Чашмонатон парда дорад магар! Ин мошинҳои пури бензинро бинед, ки лаболаб пур аст ва ҳатто бар замин резон! Як шарораяк кофист, ки ҳамаамон ба хокистаре табдил ёбем ва бод моро ба ҳар тараф бипошад!

пешина
аз 95
навбатӣ