КИТОБИ ОРЗУҲО

Мардум ногаҳон дар таҳлука афтоданд.
Гӯё дар хоби амиқе буданду бедор гаштанд.
Сару садоҳо баланд шуд. Пулчинак нооромиро мушоҳида карда наздашон расид.
– Чӣ гапай?
Вазъиятро барояш зуд шарҳ доданд. Ва ин ҷо дар сари Холаи Садафмо боз як фикри тоза омад.
– Зуд ба ронандаи автобус бигӯ биистад ва ронандаи ин мошинро огоҳ намояд, зеро ҳозир ё замони дигар, Худо накарда ҳамаро метарконанд ва чангамон дар осмон мешавад.
– Кадом мошинро? – пурсид коҳилона ҷавони пулчин.
– Мошинҳои бензинро. Бибин бензинашон ба замин рехта истодааст ва чи қадар хатарноканд-ба мошинҳои пурбор ишора кард хола.
– Инҳо об доранд, на бензин!
– Чӣ хел об? Нигоҳ кун, мошини бензинкашонӣ аст.
– Эҳ, хола, содаӣ чӣ бало?! Наход бензинро, ки як литраш қариб ду доллар аст, ин кор намоянд. Кадом девона ин қадар пур мекунад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё