Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

тист. Боз наранҷед, аммо вазни шумо аз эътидол гузаштааст. Бинобар ин, кам кардани чанд килограм мувофиқи мақсад аст, – Санавбари духтурамон ба чанд тавсия роҳнамоияш кард.
Чашмони апаи Назокат аз косахонаи сараш берун ҷастаанд. Дар ниҳояти қаҳру ғазаб ба Санавбар гуфт:
– Ба ту тирмизак кӣ ҳақ додааст, ки маро насиҳат кунӣ? А-ро аз Б фарқ мекунам гуфта, дигар як пасу пешатро нигоҳ намекунӣ-ҳа? Ту он қадар доно бошӣ, як даҳон нони серӣ ёфта бихур, баъд дигарҳоро таъна кун!
– Апаи Назокат, ба Худо ман қасди таъназанӣ надоштам. Фақат ҳамчун духтур маслиҳат додам. Дар ҳамсоягӣ ҳамин ҳарфҳо чӣ даркор? Охир, ман душманат нестам-ку? Аз рӯи хайрхоҳӣ гуфтам, чун ба аҳволи ҳамсояи наздику қадрдонам натавонистам бетараф бимонам.
– Эъ, хубит аз сарат монад, донотарош! Ту яқин чӣ қасде доштӣ. Аз хӯрдану гаштанои ман талхат кафидестай? Ба хонаву дари хушрӯи ман бахилӣ мекунӣ? Хайр, шавҳари ниммурдата бигӯ, ки ягон кори рӯғанӣ биёва.
Дафъ шаве, ранги тувори ҳамсояи кӯрдил дар гӯр! – инро гуфта апаи Назокат аз ҷояш хеста рафт.

пешина
аз 95
навбатӣ