МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ҒАМИ ДИГАР
Сари ғӯте маро орад ба гиря
Паи сели балоранги Дуоба,
Чу бинам гўрҳои кандаашро
Ба гулбоғи гулафшони Ниёба.
Дилам сўзад, ки дар ҳар тангное
Ба чанги шах гулўи рўдборест,
Ба сози чангу рўди зиндагонӣ
Ҳамово нолаҳои обшорест.
Ба худ гўям, ҳама ғамҳои дунё
Бувад ҳамранг умре бо ғами мо,
Ками сангу ками чўбу ками хок
Бувад ҳамсанг умре бо ками мо.
Вале дар ин сарои омаду рафт
Ғами худро хўрад як умр инсон,
Бигиряд ў фақат дар мотами худ,
Нагиряд дар мазори ҷангалистон.
Ғами худро хўрад, аммо надонад
Буда ғамхори ў ин обу ин хок,
Бигандонад саросар обҳоро,
Агарчи об ўро мекунад пок.
Ба сар дорад ҳавои беғамиҳо,
Ки пур шуд осмон аз дудаву чанг,
Ҳаводори ҳавои тозаро кард
Ҳавои бадҳавоияш нафастанг.
Дареғо, одамӣ бояст умре
Бисўзад ҳамчун булбул дар ғами гул,
Парастад зарраи ў оламеро,
Гудозад фарди худ дар оташи кул.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё