МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ғаме бояд варо дар корсозӣ,
Ғами созандаи оҳанги дигар.
Ғами носозгори беғамиҳо,
Ғами ҳанги дигар, фарҳанги дигар.
Вагарна гар хўрад танҳо ғами худ,
Сари ўро хўрад ҳар дам ғами ў,
Вагарна гар ба кам қонеъ набошад,
Варо кам мекунад ҳар дам ками ў.
Маро ин ғам сари ғўте бигирёнд,
Чу ҳоли зори гулбоғи Ниёба,
Ду дарё шуд ду шохоби сиришкам,
Ба тақлиди ду дарёи Дуоба.
ИСЁНИ ШЕЪР
Дар ёди устод Лоҳутӣ
Модари айём зодӣ аз қазо
Хоса шоирро ба номи инқилоб,
Дод шираш, шири гарми интиқом,
Парваридаш дар мақоми инқилоб.
Хуни шеъри инқилобӣ з-ин сабаб
Ҷўш зад андар раги шарёни ў,
Мисли мавҷи рўди пуршўру шаре
Кард ҷавлон парчами исёни ў.
Ҷавшани мавҷи Арас гоҳаш ба тан
Чун Сиёвуш аз дами оташ гузашт,
Шеъри нав гўйӣ зи гирдоби фано
Як замон чун шўълаи саркаш гузашт.
Шеъри нав омад ба ташна ҳамчу об,
Шеъри нав омад ба гушна ранги нон,
Шеъри нав омад чу уммеде ба дил,
Шеъри нав омад ба тан монанди ҷон.
Шеър омад бо дуруду бо паём:
«Иттиҳод, эй родмардон, иттиҳод!
Баҳри истиқболи хуршеди зафар,
Баҳри фардои дурахшон, иттиҳод!
Ҳиммати мо манбаи имкони мост,
Ғайрати мо чашмаи эҳсони мост,
Дар дифои шоҳкори инқилоб
Ваҳдати мо мазҳари ҷавлони мост.
Зиндагӣ дорад муроди офият,
Пас барои дафъи бедод, иттиҳод!
Зиндагӣ дорад таманнои шумо,
Пас барои фатҳу эҷод, иттиҳод!»
Эй басо дар соҳили мадди умед
Шеъри ў чун рўди пуртуғён дамид,
Эй басо ҳамчун дили дардошно
Шеъри ў дар синаи даврон тапид.
Монд дар дил чун қатори аскарон
Сатрҳояш бо низоми инқилоб,
Монд дар дил сахтҷўшу сахткўш
Рўди шеъраш дар давоми инқилоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё