МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ҲАМОСАЕ БАРОИ ЗАМИН
Сулҳ як мў агар ба ҷанг расад,
Шишаи оламе ба санг расад.
(Бедил).
Ҳамзамонон!
Дод мехоҳад зи мо ин хоки дерин,
Ин Замини нозанин.
Ин Замин, ин пойгоҳи зиндагӣ,
Мабдаи бошандагӣ, пояндагӣ.
Ин Замин, ин боргоҳи умри инсон,
Ҳамнаварди ҷумлаи давру замон.
Ин Замини рўи дашти осмонҳо
Маҳмили пур аз савора,
Пойбаста дар гумону тезтаг ҳамчун қатора.
Ин Замини гирдгардон
Ҳам ба гирди офтобу ҳам ба гирди худ ҳамора.
Ин Замини осмонаш шаб ҳамонанди сабад,
Гаҳ лаболаб аз калофи абри тора,
Гоҳ лабрезони гулҳои ситора.
Ин Замини осмонаш мазраи гулҳои қаҳ-қаҳ,
Офтобаш ҳар пагоҳӣ – духтари гултоқипўш,
Духтари гулчин раҳораҳ.
Ин Замин, ки одамиро фитрату идрок дод,
Ақли гиро, хотири бебок дод,
Ин замон ҷўяд илоҷи кори ақл,
Даст бар сар монда аз кирдори ақл.
Ин замон олуда гашта дар гуноҳи одамӣ,
Лек меҷўяд ҳимоят дар паноҳи одамӣ.
Меҳаросад аз силоҳи нораво,
Аз мушак,
аз бомбҳои барқзо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё