МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Парвардигоро, баъд аз ин
Он зинда бод мурда бод!
Аммо умед зинда бод!
Уммеди рўзи беҳине бар ориёизод.
Зеро ҳанўз чашми ман ҷўёи ахтар аст
Дар лаболои пардаи дуди сиёҳи шаҳр,
Абри сиёҳи селаи хомўшаки замон,
К-аз морҳои шонаи Заҳҳок бадтар аст.
Зеро ҳанӯз чашми ман ҷўяд ситорае
Чун наҷми ковиёниву чун кавкаби қадар,
Чун тоҷворе бар сари тоҷики тоҷвар.
Оре, умед зинда бод,
Зеро ба ҳукми Кирдигор
Изне ба растагории афкор мешавад,
Ҳукми хамўшакон ҳама бекор мешавад,
Зеро ки баъди ғафлати ҳафтодсолае
Шукри худой, миллатам бедор мешавад!
ОФТОБЕ ДАР ОБ
Хоб дидам...
Хоб, ки хобида будам.
Гарчи аз кўҳи камаркаш буд камонкаш офтоб.
То яке хуршедрўе
Бўсаам бистонду бедорам намуд...
То ба дастам об резад,
Офтоба буд ба дасташ офтоб.
Пас маро дар офтобак
Барнишонду дар танўре офтобӣ
Кулчаи рухсораи худро пазонд,
Гармаку нармак чу меҳмонам хўронд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё