Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пас ба сони офтоб
Дар уфуқи обии чашмам ғурубид...
Ашки гулгунаш ба рухсору рухи гулгун дар ашк – Об буд дар офтобу офтобе андар об.

ОШИҚЕ ШАРМАНДА МОНАД

Гар яке ёдам ба некўӣ кунӣ,
Дар ҷаҳони пур зи ёду пур зи фарёд
Бар мани шўрида умре
Оламе бо ёди ту оганда монад.

Гар яке дар гулхани тарсўзи ишқам
Аз танат хезад ба сони ҳезуми осуғдае дуд,
Аз туам дар ҷангали буду набуд
Оташи сар то ба по сўзанда монад.

Гар зи андўҳи сари танҳои ман
Доманат аз ашкбороне шавад тар,
Аз туам умре ба сар
Осмони сар ба сар гирянда монад.

Гар яке дар маърази офоқи чашмам
Ширмаҳтоби танат аз дур тобад,
Аз ту умре бар шабистони умедам
Моҳтобе то саҳар тобанда монад.

Лек набвад гар ҳавои парзаният дар ҳавоям,
Мурғи дил дар гўшае парканда монад,
Бо сари афканда монад.

Лек боре гар наоям ман ба ёдат,
Дар миёни ошиқони комёбат
Ошиқе шарманда монад.

пешина
аз 264
навбатӣ