МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Он лаҳзаҳои гардиши паймона ҳам гузашт,
Он хандаҳои дилкаши мастона ҳам гузашт,
Чун кабкҳо ба хонишу чун оҳу дав-давон
Афсона гўӣ буду он афсона ҳам гузашт.
Дигар чӣ чора, гар ҳама рози нагуфтаро
Бо худ ҳаме ба ҷои ў такрор мекунам,
Шеванкашон ба кўи дил бо ёди рўи ў
Фарёдҳои хуфтаро бедор мекунам.
Дигар ба гўшам нағмаи ромишгарони рўд
Ҷуз навҳаи шикастадил, ҷуз нола нест, нест.
Дар лолазори пуштаҳо дигар ба дидаам
Бе доғи навҷудоияш як лола нест, нест.
Дигар нигоҳи хастаам бар роҳи рафтааш
Раҳдав шуда ба гунаи кирми ҳазорпо,
Чун анкабути бехабар аз доми бофдам1
Худро ба инҳисори худ бинмуда мубтало.
Дигар ба ҳоли танги худ ман гиря мекунам,
Шавқе даруни синаам фарёд мезанад,
Дигар илоҷ яксара барбод меравад,
Сабру умед аз манаш уммед меканад.
Аммо бинозам аз ғамаш, к-ў дод дарси хуб
Аз зистан миёнаи ин оташи ниҳон,
Қадри висоли ў маро ҳамдарди даҳр кард.
Ёди нигоҳи ў маро ҳамсўзи одамон.
1 Бофдам – оқибат, анҷоми кор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё