МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ШАБГАРД
Бас шабон ҳамроҳи маҳ меомадӣ
Аз паси найзори пушта,
Ошиқони дигаратро кушта-кушта.
Бас шабонгоҳон раҳораҳ
Хандаҳоят ҳамсадои қақраи кабкони рав буд
Дар бари гулҳои қаҳ-қаҳ.
Бас шабон бо моҳ будӣ то саҳар
Меҳмонам дар шибар.
Печ мезад бар тани гулҳои печак
Коснии мелаҳои нури маҳтоб,
Занҷабили гесувони мушкбўят,
Бўи хуш буд дар шибити банди мўят.
Бўи мўи ту ба мўи обшорон менишаст,
Акси маҳтобу маҳи рухсорат
Дар зулоли шишабанди чашмасорон менишаст.
Бас шабони ширмаҳтоб
Ширмоҳии танат ҳамранги моҳи яккагард
Дар канори обҳои оғўшам мешуд шиновар.
Эй басо растӣ чу моҳие зи шаст,
Эй басо дил метапид,
Дил метапид,
Аз сапедии танат вақте сапеда медамид.
Бас шабон нилуфари моҳи рухат
Мешукуфтиям дар об.
Ман ғариқи обхезони табассум мешудам,
Дар хами мавҷи табассумҳои ту гум мешудам.
Бас шабон бе як адо,
бе як садо,
Ман туро нокофта,
ноёфта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё