МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
ЧОРЯКИ 4
РЕЙТИНГИ 2
МАРҲИЛАИ 2
НИМСОЛАИ 2
ТУТИ ЗАМИНӢ
(Рўйнависӣ)
Тути заминӣ,
Аҷаб ширинӣ,
Тути заминӣ.
Асал баринӣ,
Тути заминӣ.
Ман ҳам боғбонам,
Монанди бобом.
Обу ғизоят,
Медиҳам мудом.
Тозаву дилҷў,
Хушрўю хушбў,
Ин қадар бисёр,
Рўидаӣ ту!
Аввал ду дона
Чашида бинам,
Сонӣ як сабад
Аз ту бичинам.
Аҷаб ширинӣ,
Тути заминӣ.
Асал баринӣ,
Тути заминӣ.
Алӣ Бобоҷон
Супориш: 1. Бачаҳо, оё шумо тути заминиро аз ҳосили дарахти тут фарқ мекунед?
2. Ибораҳои «дарахти тут» ва «тути заминӣ-ро нависед.
САВОЛУ ҶАВОБ
(Рўйбардор)
-Хонаи нағзи дунё кадом аст?
- Мактаб аст.
- Бачагони нағз?
- Бачагони мактабанд?
- Аз бачагони мактаб кадомашон нағзтаранд?
- Бачагоне, ки ҳаргиз аз мактаб намемонанд.
- Аз инҳо кадомашон беҳтаранд?
- Қаламу қоғази шариконашро бе иҷозат намегирифтагӣ.
- Ба шарики қоғазу қалам надоштагиаш қаламу қоғази зиёдатии худро медодагӣ мебошад.
Садриддин Айнӣ
Супориш: 1. Ибораҳои «бачагони нағз»,
«бачагони мактабанд»-ро хонед.
2. Шумо ҳам номҳои се-чор нафар ҳамсинфони нағзатонро нависед.
БАЧАИ ТАРБИЯДИДА
(Имло)
1
Бачаи боақл, агар падараш ҳар рўз пул диҳад, як қисмашро пасандоз (сарфа) мекунад. Қисми дигарашро харҷ мекунад. Агар ягон рўз падараш пул надиҳад, ҳамин пули пасандозро харҷ мекунад.
Агар ҳамаи пули падараш додагиро ба як рўз харҷ (сарф) кунад, рўзе, ки падар пул надиҳад, хафа ва зиқ мешавад.
Супориш: 1. Ба калимаҳои «харҷ» ва «сарфа» диққат диҳед.
2. Калимаи мураккаби «пасандоз» аз чанд калима иборат аст, муайян карда онҳоро ҷудо-ҷудо нависед.
ҚАРЗ
(Имло)
1
Агар аз ягон кас қарз кунад, бо нася чиз харад, одамҳо айб мекунанд.
Бачаи боақл падару модараш ҳар таом диҳанд, мехўрад. Ҳар либос диҳанд, мепўшад. Зиёда талаб намекунад. Ба чизи кас ҳавасаш намеравад. Ва аз кас чиз наметалабад.
Агар ягон одами бегона чизе диҳад, бачаи боақл онро намегирад.
Садриддин Айнӣ
Чистонҳо
(Рўйнависӣ)
1. Ду бародар доимо,
Меравем дар ҳар куҷо.
Як каме пеш ё қафо,
Ҳамроҳ мегардем мо?
(Пойҳо)
2. Як ҷуфт кабўтари алоянд,
Ҷуфтанд, зи ҳамдигар ҷудояд.
Парвоз кунанд бар рўи дунё,
Аз хонаашон бурун наоянд?
(Пойҳо)
2. Таг табақ.
Рў табақ.
Миёнаш
Фатири бенамак?
(Чормағз)
Супориш: 1. Чистонҳоро нависед, хонед, фикр кунед, ҷавобҳояшонро ёбед.
2. Агар боз чистони дигар донед, онро ба ҳамсинфон гўед.
ҚАСРИ МИЛЛАТ
(Имло)
Дар шаҳри Душанбе ба шарофати замони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои бузург аз ҷумла, Қасри миллат, Фурудгоҳи байналмилалӣ, Наврўзгоҳ бо фаввора ва шаршараҳо,
Маҷмааи Исмоили Сомонӣ бо ҳайкали Сомонӣ, боғи
Қасри миллат, шоҳроҳҳо , нақбҳо, Саристгоҳи роҳи оҳан, роҳи оҳан, Боғи нишони миллӣ, боғи Парчам,
Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Боғи фарҳангӣ- истироҳатии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ бо фаввораҳояш, Боғи фарҳангӣ-истироҳатии Пойтахт,
Боғи Ғалаба ва даҳҳо иншооти азими дигар бунёд гардидаанд.
Супориш: 1. Калимаи «истиқлолият»-ро нависед ва садонокҳоро бо хатча ишора намоед.
2. Номи иншоотро дар хотир гиред.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё