МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
ЧОРЯКИ 3
РЕЙТИНГИ 1
МАРҲИЛАИ 1
НИМСОЛАИ 2
ВОХЎРӢ БО ШАЙТОН
(Латифа)
(Имло)
Шахсе дар хоб бо шайтон вохўрӣ кард. Шайтон як шаппотӣ (силӣ) ба рўйи ў зад. Баъд риши ўро гирифт ва гуфт:
-Эй лаънатӣ ! Ту душмани мо ҳастӣ ва барои фиреб додани мо мардумон ришро дароз медорӣ. Чун силии дигар ба рўи ў зад, бедор шуд.
Ва риши худро дар дасти худ дид. Шарманда гардид ва бар худ хандид.
Аз «Ҳикояҳои латиф»
Супориш: 1. Муқобили калимаи «душман» кадом калима ҳаст? (дўст).
2. Ба маънои калимаҳои «силӣ», «шаппотӣ»,
«шайтон» диққат диҳед ва онҳоро нависед.
БА МУАЛЛИМ
(Рўйнависӣ)
Ҳамон рўзе, ки рафтам сўйи мактаб,
Зи баҳри илм чидам дурри матлаб.
Ниҳоли бахти ман нашъунамо кард,
Ба шохаш мурғи дил ҳар дам наво кард.
Муаллим, эй фуруғи шамъи маҳфил,
Ҳақиқаткору меҳнатёру оқил.
Ба нафъи халқ доим раҳсипорӣ
Ватанро то абад боэътиборӣ.
Аниси кўдаконӣ, эй муаллим,
Ба ҷисми мо ту ҷонӣ, эй муаллим! …
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз
Супориш: 1.Шеърро хонед.
2. Гўед, ки шоир шеърро ба кӣ бахшидааст?
БОЙЧЕЧАКБОЗӢ
(Имло)
1
Имрўз офтоби баҳорӣ бачагонро ба бозиҷой барвақт овард. Қариб, бист нафар ғун шуданд. Ҳама қарор доданд, ки бойчечакбозӣ кунанд. Наргису
Лоларо сардор хостанд. Ду сардор дар ду сўйи бозиҷой истоданду баробар:
- Ёр: ёри ман кӣ!- гуфтанд…
Супориш: 1. Ибораи «офтоби баҳорӣ»-ро маънидод кунед.
2. Бойчечакбозӣ аз чанд калима сохта шудааст, шарҳ диҳед ва нависед (бой, чечак, бозӣ)
ОҒОЗИ БОЙЧЕЧАКБОЗӢ
(Имло)
2
Қисме аз бачаҳо сўи Наргис давиданд. Қисми дигар ба тарафи Лола. Ҳамин тариқ , ду гурўҳ шуданд.
Наргису Лола сангча руст карданд. Навбати аввал насиби гурўҳи Лола шуд. Ёрони Наргис ба канори бозиҷой рафтанду паҳлуи ҳамдигар, ҳар кадом дар дурии се-чор қадам дар «хонаҳояшон» (шартӣ) нишастанд.
Супориш: 1. Садонокҳои калимаи «бойчечак- бозӣ»- ро муайян кунед.
2. Калимаи «ёрон»-ро боз чӣ хел гуфтан мумкин?
(дўстон, рафиқон. дугонаҳо, шарикон…)
ДАСТАИ БОЙЧЕЧАК
(Рўйнависӣ)
3
Лола бо дастаи «бойчечак» (шартӣ) дар пеши сафи ёронаш истод.
Дигарон ҳам дар даст яктоӣ «бойчечак» гирифтанд. Бо ишораи Лола ба гуфтани суруди
«бойчечак» шурўъ карданд:
Бойчечаку бойчечак,
Гули хушрўи химчак
Бойчечак, бойчечак…
Супориш: 1. Гўед, ки чанд гурўҳ «бойчечакбозӣ» карданд. нависед.
2. Ин бозиро дар кадом фасл мегузаронанд,
ДАВОМИ БОЗИИ БОЙЧЕЧАК
(Рўйнависӣ)
4
Бойчечак омад луччак,
Тамошо кун, келинчак,
Бойчечак, бойчечак.
Бойчечаки ҳисорӣ,
Танга, тилло, ҷуворӣ,
Бойчечак, бойчечак.
Таги остона ғур-ғур,
Хонаи мо бо нон пур,
Бойчечак, бойчечак.
Таги остона дутор,
Будем хумори баҳор,
Бойчечак, бойчечак.
Бўи баҳор бойчечак,
Муждаи кор бойчечак,
Бойчечак, бойчечак.
Гули гулҳо, бойчечак,
Тоҷи сарҳо, бойчечак.
Бойчечак, бойчечак.
Бойчечак омад ба дар,
Эй хола, дорӣ хабар?
Бойчечак, бойчечак.
Эй холаи хонадор,
Ҳар чӣ мехоҳӣ барор!
Бойчечак, бойчечак.
Аз эҷодиёти халқи тоҷик
Супориш: 1. Калимаи «бойчечак» -ро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед.
2. Бо калимаи «бойчечак» яктоӣ ҷумла тартиб диҳед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё