Зеҳн
Сафои дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 51 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҲУШДОР

Ҳар гаҳ, ки ба қалби шоире, санг занӣ,
Бар пардаи нозуки дилаш чанг занӣ.
Аз илму адаб, туро набудаст асар,
Рӯзе бирасад чу оҳане занг занӣ.

Аз кинаву бухле, ки туро ҳаст ба дил,
Дар мағзу раги дилат гирифта манзил.
Амрози сироятӣ, ки дар сар дорӣ,
Сӯрох кунад узви танат ҳамчун сил.

Аз моли ҳароме, ки ту бар даст орӣ,
Чун чангаки моҳиест, бар шаст орӣ.
Рӯзе бирасад, ки шастат аз даст фитад,
Дар пеши ҷаҳони дун сари паст орӣ.

Ту олами зар шуморию дилро не,
Муште ба саре биёрию дилро не.
Дар олами молу зар гар аз худ биравӣ,
Донӣ ҳамаро ту дориву дилро не.
САНГИ МАЗОР

Эй модари ғамгусору ғампарвари ман,
Будӣ чандеву шудӣ ту аз бари ман.
Чун кони зиё ба кулбаам боз биё,
Бе рӯи ту нест шуъла дар ахтари ман.

Дар лавҳаи дил навиштаам ёди туро,
Афсонаи рӯзгори ношоди туро.
Шаббодаву говгуми кӯҳу дараҳо
То гӯши ман оваранд фарёди туро.

Ёди ту ба нола дар ба дар хоҳам бурд,
Доғӣ туву лола дар ҷигар хоҳам бурд.
Ғамномаи талхи рӯзгор аст маро
Ин умр, ки бе туяш бар сар хоҳам бурд.

Дидам сари гӯр пораи ҷоми туро,
Чун ғусса ба ҷон гирифтам айёми туро.
Бар санги мазори ту ба ҳасрат нигарам,
Бар санги мазори дил канам номи туро…

пешина
аз 51
навбатӣ