Сафои дил

ҲАСРАТИ ДИЛ
Рафтиву набурдӣ ҳамраҳат ҷони маро,
Ин ҳолати ногувору сарсони маро.
Рафтиву ба ҷони ман азоб овардӣ,
Нашнида магар ту оҳу афғони маро?
Рафтиву ман аз фироқи ту доғ шудам
Шӯридадиле чу булбули роғ шудам.
Чашмам ҳама шаб роҳи туро мепӯид,
Чун зоғи сияҳ фирорӣ аз боғ шудам.
Рафтиву хаёлам ҳама раҳпои ту буд,
Ҷону тани ман ғариқи дарёи ту буд.
Рафтиву набуд дилат ба рафтан моил,
Гӯшу ҳуши ман ҳама ба авзои ту буд,
Рафтиву нигаҳ канда нашуд аз қадамат,
Ғамҳои дилам тоза нашуд аз аламат,
Рафтиву зи гӯши дил садоят омад:-
Ман мераваму ту мону шеъру қаламат,
ЗАНГ БИЗАН
Занг бизан, то ки садоят шавам,
Ноз кашам, обу адоят шавам.
Занг бизан қалби маро соз деҳ,
Садқаи он нури чу моҳат шавам.
Занг бизан ҷӯр ману ту шавем,
Хӯшаи ангур ману ту шавем.
Ишқ ки он доди Худованди мост,
Садқаи ин ҳур ману ту шавем.
Ҳеҷ ту донӣ, ки маро сӯхтӣ,
Шӯълаи умед барафрӯхтӣ.
Ҷилваи чашмот нигоҳам рабуд,
Тори нигоҳат ба дилам дӯхтӣ.
Омадаам то ки нигоҳат барам,
Сайр кунам чашм ба боғат барам.
Атри ҷамолат ба димоғам биёр,
Бар чамани ишқ суроғат барам.
Занг бизан, ҷонаки ширини ман,
Занг бизан, ахтари симини ман.
Занг бизан, акси садоят шавам,
Занг бизан, гавҳари рангини ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё