Сафои дил

САД ДАРЕҒИ ЗИНДАГОНӢ
Зан агар бисёр шаф-шаф кард,
Ҳамчу саг бисёр ҳаф-ҳаф кард,
Мардро бисёр рав-рав кард,
Куртаро бисёр нав-нав кард,
Дар сарат бисёр ғав-ғав кард.
Сад дареғи зиндагонӣ,
Сабр кун то зинда монӣ.
Зан агар бисёр ғир-ғир кард,
Ҳамчу мурғи чӯҷа чир-чир кард,
Қоҳ-қоҳ хандиду қир-қир кард,
Ҳар гаҳ ӯ беҳуда ҷир-ҷир кард.
Сад дареғ аз умри фонӣ,
Шукр гӯ, то зинда монӣ.
Гар ба ҷайбаш пайсае пур шуд,
Дон, ки ӯ аз хеш дилпур шуд.
Аз ҳудуди хонаат шуд дур,
Чашмакаш бар диданат шуд кӯр.
Ҳайфи умри навҷавонӣ,
Сад дареғи зиндагонӣ.
ОРЗУИ ДУХТАРЧААМ САРВИНОЗ
Бароямон меҳрубон,
Болои сар соябон,
Чун офтоб зарафшон,
Дадаҷону очаҷон.
Ваъда медиҳам афзун
Ба акаам Нурафзун.
Ман ҳам аълохон шавам,
Азизи даврон шавам.
«Бӯстон»-и Саъдӣ хонам,
Ҳадиси баъдӣ хонам.
Дӯстро доно гирам,
Панди Мавлоно гирам.
Ақли тавоно гирам,
Дониши аъло гирам.
Аз каҷравон гурезам,
Аз ноҳалон гурезам.
Панди падар бишнавам,
Шому саҳар бишнавам.
Дастёри модар шавам
Дӯстдори модар шавам.
Чун акаҷони азиз,
Ман ҳам шавам дилпазир.
Амрико хондан равам,
Илм омӯхтан равам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё