Сафои дил

БАҲОР
Дар пуштаву дар ёла
Бишкуфт гули лола,
Ман лек чу ҳарсола
Бар ишқи туям вола.
Бе рӯшании рӯят
Дунёи дилам торик.
Дурам зи барат умре,
Аммо ба ғамат наздик.
Сад оҳ маро бар лаб,
Сад роз маро дар дил,
Бе рӯи ҷаҳон осон,
Бе рӯи туям мушкил.
Аз тобу таби ишқат
Таб дораму таб дорам,
Ман бахти туро умре,
Аз даҳр талаб дорам.
Дар пуштаву дар ёла
Бишкуфт гули лола,
Ман лек чу ҳарсола,
Бар ишқи туям вола…
ОШИҚӢ
Ошиқӣ пирӣ надорад,
Ошиқӣ серӣ надорад,
Ҷои ночорӣ кушода,
Хорию зорӣ кушода,
Ҷӯру ноҷӯрист бо вай
Дуру нодурист бо вай,
Умре озод асту банд аст,
Ҷои маҷбурӣ надорад.
Кӯҳ дорад, низ ҷар ҳам,
Кишт дорад, кишта ҳамдам,
Дафтари нанвишта ҳамдам.
Нур дорад, ҳур дорад,
Қисмати ноҷӯр дорад.
Элчаи занбӯр дорад,
Шираи ангур дорад.
Ошиқӣ дерӣ надорад,
Ҳеҷ кас серӣ надорад.
САОДАТИ ДИЛИ МАНӢ
Ту давлати дили манӣ,
Ту қуввати дили манӣ,
Тавонгари дили манӣ,
Саодати дили манӣ.
Биё ба улфати дилам,
Даме ба ишрати дилам.
Дубора сабри дил намонд,
Биё ба хилвати дилам,
Биё ба иззати дилам.
Биё, дари дилам кушо,
Сари пари дилам кушо,
Гули фари дилам шукуфт,
Кабӯтари дилам кушо.
Биё, ки дер мешавад,
Ва завқ пир мешавад,
Нигоҳ сер мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё