Сафои дил

Бӯи баҳор мерасад,
Нози нигор мерасад.
Накҳати атри навбаҳор,
Аз гули хор мерасад.
Аз хандаҳои дилбарон,
Аз нилии оби равон,
Аз ҳар нигоҳи ошиқон,
Аз сози ҷуфти кафтарон,
Бӯи баҳор мерасад,
Нози нигор мерасад.
Накҳати атри навбаҳор,
Аз гули хор мерасад.
НАВРӮЗӢ
Наврӯз гулгардон шуда,
Наврӯзи хотирмон шуда,
Меҳмоннавози хон шуда,
Дар ҷони ҷонам ҷон шуда,
Хуш омадӣ, Наврӯзи ман,
Наврӯз кун ҳар рӯзи ман.
Айёми гуфтанҳо расид,
Фасли шукуфтанҳо расид.
Сардӣ ба гармӣ раҳ кушод,
Вақти гули занҳо расид.
Шаҳдухтари Наврӯзи мо,
Хандон ба гулханҷо расид.
Аз хирмани Наврӯзи дил,
Аз моҳи дай танҳо расид.
Дар пуштаву дар ёлаҳо,
Сурхӣ дамад аз лолаҳо.
Мафтуни ҳамдигар шаванд
Қинғолаҳо, қинғолаҳо.
Наврӯзи имсолам накӯст,
Чун сабзаю гул дар нумӯст.
Бо домани гулдӯзияш
Дар асл чун афсона ӯст.
Хуш омадӣ Наврӯзи ман,
Наврӯз кун ҳар рӯзи ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё