Сафои дил

ШАСТ
Ин шаст, ки бовараш надорам, омад!
То хонаи бахти рӯзгорам омад!
Дар дасти Худост боқии ҳар нафасам,
Дар шохаи умр баргу борам омад!
Ин шаст, ки дар вуҷуди ман бор овард,
Дар хонаи пириам мададгор овард.
Ку роҳи гурезу ку ҷавонии Зиё?
Ин талхии умр бас шакарвор овард!
Эй шаст, ки чанд интизорат будам,
Чун мастии бода бар хуморат будам!
Ту дар бадали ҷавониям омадаӣ,
Дарёб, Зиёи дилфигорат будам!
Эй шаст, ба шаст чун саманд омадаӣ,
Дар соли саманд дилписанд омадаӣ.
Эй соли накӯву соли дилшодии ман,
Бар доғи дилам чу шаҳди қанд омадаӣ.
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ОРЗУ
(Суруд)
Душанбе – бахту тахти ман, нумӯи ман.
Душанбе – обрӯи ман,
Душанбе,
Душанбе – рангубӯи ту,
Орзуи ман
Орзуи ман.
Душанбе, ифтихори мо туӣ
Нишоти мо, барори мо туӣ.
Ту ҳастӣ ҷисму рӯҳу ҷони мо,
Чу набзи беқарори мо туӣ.
Душанбе – бахту тахти ман, нумӯи ман.
Душанбе – обрӯи ман,
Душанбе,
Душанбе – рангубӯи ту,
Орзуи ман
Орзуи ман.
Сафои меҳру манбаи сухан туӣ,
Ғуруру фахри завқи мову ман туӣ.
Макони ҳарфу ишқу илму фан туӣ,
Ба созгори бахти ин Ватан туӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё