Сафои дил

ШОИРАМ
Шоирам ман,
Шеъри ман пайғом бар имрӯзу фардои ман аст.
Шеъри ман дармони дарди кӯҳнапайдои ман аст.
Шеъри ман дард асту сӯз асту муҳаббат,
Ҳам суруди бахти миллат.
Шоирам ман,
Дар дилам фарёди чандинсола дорам.
Сина моломоли армон аз муҳаббат вола дорам,
Дар ҳавои думраи бобоиям сад нола дорам.
Дарди ман аз дарди миллат дур нест,
Шеъри ман дармонгари дарди ман аст,
Аз вафои дил раҳоварди ман аст.
Шоирам ман,
Шеър гар, ки ҷовидонист аз чӣ ӯ қимат надорад,
Дар замини шеърхезаш, шоираш иззат надорад.
Шеър гар ки ҷовидонист пас чаро ӯ бе кас аст,
Додрас, ки ӯ надорад, қадри ӯ ҳамчун хас аст.
Шеър гарчи моли савдо нест, бозораш хароб аст.
Шоири печидафарёдаш ҳамеша дар азоб аст.
Синаи пурҳасрати ӯ пур зи доғ асту кабоб аст.
Шоирам ман,
Бархе аз маснаднишину аҳли ҷоҳ,
Қисмате аз илму ирфон бехабар
Қадри шоирро ба арзон мехаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё