Сафои дил

ШИКВА
Вақт моро мехӯрад, мо вақтро,
Мо ғами дил мехӯрем, ту бахтро.
Сад дареғи умр, ки дар даст нест,
Мерабояд аз ману ту нақдро.
НОМУС
Ҳамнафасу ҳамқадами миллатам,
Мӯқаламе аз қалами миллатам.
Нанги маро ҳеҷ ту арзон магир,
Ҳеҷ нагӯ бори ғами миллатам.
УМР
Умр бар хуфтану гуфтан гузарад,
Умри ту лек ба дӯхтан гузарад.
Умри ман бо қаламу дафтари ғам,
Ба гумонам, ки ба сӯхтан гузарад.
АТРИ ҶАМОЛ
Шом биафрӯз, ки шомам расид,
Чак-чаки борон ба бомам расид.
Шом барафрӯз, ту эй моҳи ман,
Атри ҷамолат ба машомам расид.
БИЁ
Ту биё, базми нав обод кунем,
Кабки дил аз қафас озод кунем.
Дили шӯридаи худ шод кунем.
Хирмани гул ба сарат бод кунем.
БА ҶУЁӢ ҲАМДИЛ
Ҳамдиле ҷӯё машав дар зиндагӣ,
Ҳамдили ту дар дили ҳақгӯи туст.
Ҳамдилиро бо Худоят ҷӯр кун,
Ҳамдилӣ ҷӯё бишав дар кӯи дӯст.
БИЁ БИНШИН
Шарори бӯсаҳои оташинат,
Садои дилнавозу дилнишинат,
Нигоҳи гарму атри ёсаминат,
Гули армон бичинам аз ҷабинат.
Биё, биншин ба рӯи дидагонам,
Ки тоби тоқати дурӣ надорам...
НӮШБОД
Ба ин дилдодагони водии ишқу муҳаббат бахт мехоҳам, Ба ин ҷуфти сазовори ҳама лутфу садоқат тахт мехоҳам.
Ва мехоҳам, ки ҳарду посдору дӯстдори ҳамдигар бошанд Ва умре дар нишоти зиндагонӣ ифтихори ҳамдигар бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё