Сафои дил

ПОРАҲО
Гули умед хазон шуд ба ғами танҳоӣ.
Гули армон нашукуфт аз алами раҳпоӣ.
Доғи ҳиҷрони ту саргаштаву дилгирам кард,
Даступо баставу сарбастаи занҷирам кард.
Аз сафар боз биё, ёраки ранҷидаи ман.
Боз бар гӯш расон ҳарфаки нашнидаи ман,
Чашми ман нози туро, рози туро мепӯяд.
Хандаи лаъли лабу сози туро меҷӯяд.
РУБОИҲО
Ҳар рӯз ҳадиси ноз мебояд гуфт,
Аз ишқ ба сад гудоз мебояд гуфт.
Аз ҳарчӣ ба сози роз мебояд гуфт,
Пайваста бад-ин ниёз мебояд гуфт.
Ин абри сияҳ сояи андуҳи ман аст,
Ҳар лолаи пушта сурхии рӯйи ман аст.
Сарсабзии тепаҳои ин тозабаҳор,
Дар авҷ ба мисли тори абрӯи ман аст.
Барф омаду тирамаҳ хабардор накард,
Чун барг хазон шудему ҳушдор накард.
Як бор нагуфт: – биё ба дармони дилам,
Дар пеши табиб шиква чу бемор накард.
Дар пушти тирезаам баҳор истода,
Гӯё, ки лиқои худ ба ман бикшода.
Чандест, ки роҳи омадаш мепоям,
Чун давраи наврасии пушти пода.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё