Сафои дил

Аз захми забони ту чӣ дармон ҷӯям,
Доруи муҳаббати ту арзон ҷӯям?
Умрест табибаму табибат нашудам,
Беҳуда дигар чӣ дарди инсон ҷӯям?
Дӯзах раваму бисӯзам аз дасти гуноҳ,
Дастам бикашад барад агар сӯи само.
Ман тундару барқу боду борон гашта,
Аз сӯзи фироқи ишқ гардам пайдо.
Дар зиндагиам агар савобат додам,
Дар дӯзахи ишқ гар азобат додам.
Гӯё, ки асири ишқи ман афтодӣ,
Ман ҷои асал каме шаробат додам.
Аз рӯҳи ту эй падар, дуо мепурсам,
Хуршеди манӣ, аз ту зиё мепурсам.
Дармондам агар ба мушкилоте ногаҳ,
Аз даргаҳи роҳи ту раҳо мепурсам.
Эй рӯҳи падар мадад намо бар фарзанд,
То ин ки гиреҳе нафитад пешаш банд.
Даргоҳи худованди манӣ, эй Раҳмон,
Рӯҳи ту ҳамеша медиҳад манро панд.
Поят ки кашид, рафтӣ аз роҳи хато,
Андеша накардӣ ҳэҷ аз роҳи бало.
Аз ночорӣ ба соиле дил бастӣ,
Кам нест бидон дар ин ҷаҳон “марди гадо”.
Бодому анору туту себу анҷир,
Ёбӣ ту ба боғу роғу саҳрову адир.
Аз накҳати гулҳои баҳори Тагнов,
Ту сер нагардӣ ҳамчу аз нони фатир.
Хоҳони вафояму вафо ёри ман аст,
Дар сина вафо коштан ин кори ман аст.
Меҷӯӣ агар вафо варо дур маҷӯ,
Савдои вафо матои бозори ман аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё