Сафои дил

Сарномаи зиндагии одам ишқ аст,
Хушбахтии нотамоми олам ишқ аст.
Ишқ аст, ки одамӣ ба ҳам васл шавад,
Фарёдраси ҷаҳони пурғам ишқ аст.
Метарсам аз он ки дидаи нам гузарем,
Дар ҳасрати якдигар сари ғам гузарем,
Эй кош Худо ба ҳам биёрад моро,
Рӯзе нашавад, ки ғофил аз ҳам гузарем.
Фарзанди ту эй миллати озурдаи ман,
Гаштаст пареш дур аз хоки Ватан.
Танҳоии ман ба ҳоли ман мегиряд,
Фарёд аз ин ҷудоиву дарди куҳан.
ДУБАЙТИҲО
Ба ту ман олами бе дард хоҳам,
Дили бе кинаву бе гард хоҳам.
Чӣ мехоҳӣ агар пурсӣ зи банда,
Раҳо аз чанги ҳар номард хоҳам.
Умеди чашми раҳпоям ту бошӣ,
Ҷилои нури шабҳоям ту бошӣ.
Биё як дам тасаллои дилам бош,
Шукӯҳи субҳи фардоям ту бошӣ.
Ба ҳар кас ҷуз ба ту ман дил набастам,
Ба ҷуз ту моили ҳар кас нагаштам.
Набудам булҳавас дар роҳи қисмат,
Ба роҳи пурхато ҳаргиз нарафтам.
Биё, рози диламро бо ту гӯям,
Ҳама сози диламро бо ту гӯям.
Умеде нест хуштар ҷуз висолат,
Биё, нози диламро бо ту гӯям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё