Зеҳн
Сафои дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 51 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маро шоир ту кардӣ, эй Маҷоиз,
Биё, ки ранги ман шуд ранги поиз.
Агар ин ҳафта ҳам пешам наоӣ,
Ба чоҳе мефитам чун марди оҷиз.

Дилат бемор, ман дармон биёрам?
Табиби ишқ аз Кайҳон биёрам?
Агар доруи ӯ дармон набахшад,
Бароят ман гули армон биёрам?

Ҳазорон доғи дил дар сина дорам,
Дили садпораи бекина дорам.
Ғубори хотире аз кас надорам,
Ба дил чун заррабин ойина дорам.

Дилам майли шикастан дорад имрӯз,
Табибам майли бастан дорад имрӯз.
Ба ҷуз Ҳақ дилшикастанро кӣ донад?
Ба ҷуз ӯ рахт бастанро кӣ донад?
Дилам чандин шикастурехтро дид,
Гули армони чандинсоларо чид.
Дурахшеро надид аз ахтари бахт,
Басо аз гардиши айём нолид.

Даруни сина қалбам дар суруш аст,
Ки гӯё дар такопӯю хурӯш аст.
Ба фарёд омада ин синаи реш,
Дилам чун ошиқе бе ақлу ҳуш аст.

Фалак, то кай маро ту мефиребӣ,
Ба боло кай барӣ аз ин нишебӣ?
Ба боло бар маро то ки набинам
Ҳама он ҳилаву одамфиребӣ.

Ҳаво сарду ҳаво сарду ҳаво сард,
Дилам дарду нафас дарду ғамам дард,
Илоҷи дарду ғам дар дасти Яктост,
Каму бешам кунун чун донаи нард.

пешина
аз 51
навбатӣ