Сафои дил

Ба дил гуфтам, ки бар нокас чӣ сӯзӣ?
Ба сӯзи оҳи мушкилрас чӣ сӯзӣ?
Гурез аз ошнои пастфитрат,
Бинол аз ҳоли гул, бар хас чӣ сӯзӣ?
Ба дил гуфтам, чаро ғам мекашӣ ту?
Чаро оҳи дамодам мекашӣ ту?
Намехоҳам шавӣ моил ба олам,
Ки умре ранҷи олам мекашӣ ту.
Чӣ нолам аз ҳавои дил, ки сард аст,
Ғуборолуда аз борони дард аст,
Намехонад касе ҳарфи диламро,
Ки то донад, ки рангам аз чӣ зард аст.
Ба дил гуфтам, ки ҳоло дар чӣ ҳолӣ,
Ту банди ғуссаӣ, банди хаёлӣ?
Ба ман дил гуфт: – Аз ҳолам чӣ донӣ,
Ки ман медонаму бечоранолӣ.
Ба дил гуфтам: чаро овораӣ ту?
Чу санги хора пора-пораӣ ту.
Ба ман дил гуфт: – Эй девонаи ишқ,
Илоҷи дарди моро чораӣ ту!
Ба ҷуз Ҳақ ҳоли дилро кас надонад.
Ғаму омоли дилро кас надонад.
Зи дарди ишқ солу маҳ ба ҳасрат,
Ки ҳасратноли дилро кас надонад.
Биё, аз дил сухан бисёр гӯем,
Ба як розаш дусад асрор ҷӯем.
Илоҷи дарди ишқаш аз муҳаббат,
Раҳи садсолаи дармон бипӯем!
Дило, дарди туро ҳоҷат набошад,
Муҳаббатро сари тоат набошад.
Ба ғамҳои ту одат кардам, эй дил,
Аҷаб дорам, туро тоқат набошад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё