Сафои дил

Дилам ғавғои оламро нахоҳад,
Фироқу ранҷи одамро нахоҳад.
Дар ин олам, ки беш аз нимаш об аст,
Ба чашме ашки мотамро нахоҳад.
Чу як зори туям, зӯрӣ надорам,
Зи дарди ишқи ту дӯрӣ надорам.
Биё,ҳамчун зиё бар дидагонам,
Ки тоби қисмати курӣ надорам!
Яке сарвар дигар довар биҷӯяд,
Дигар марвориду гавҳар биҷӯяд.
Яке дар зери бори мансаби худ,
Ба чавкӣ шишта кару фар биҷӯяд.
ДИЛПОРАҲО
Ба дил гуфтам чаро мемӯӣ, эй дил,
Парешонхотири ҳар сӯӣ, эй дил.
Ҳама метарсӣ аз танҳоии хеш,
Чӣ гум кардӣ? Чиро меҷӯӣ, эй дил?
Чаро имрӯз аз мурдан битарсам,
Ки баъди «сакта» аз хӯрдан битарсам?
Чунон побанди эҳсоси балоям,
Куҷо аз захми озурдан битарсам.
Фақат дил мебарад дилро ба ҳар сӯ,
Фақат дил донад ин асрори ҳар кӯ.
Зи дил то дил ҳазорон банду роҳ аст,
Кӣ медонад ба ҷуз дил ёри дилҷӯ.
Агар дилҳо ба ҳам анбоз будӣ,
Агар дилдодаҳо дамсоз будӣ,
Ҳама олам ба дил мегашт моил,
Куҷо аз ҳаҷр дигар роз будӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё