Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Садҳо касон ба ғам буд
Зи халқи шаҳру қишлоқ.

Шунав ба гӯш, гӯям,
Эй одами мусулмон,
Сад ҳайфи он ҷавонон,
Лаънат ба ҷангҷӯён!

ГИЛА БАР ФАЛАК

Фалак, мебинӣ ки ман пар надорам,
Мадори раҳравӣ бар ҷар надорам.
Ягон молеву симу зар надорам,
Ягон мурғеву гову хар надорам,

Зи хона ҳар куҷое мешитобам,
Барои ризқ андар кофтукобам.
Шудам пире, чу мурда дар ҳисобам,
Дареғо, акаву додар надорам.

Фалак, бурдастӣ зӯру мардии ман,
Замону давраи бедардии ман.
Куҷо шуд тез-тез раҳгардии ман,
Зи пирӣ қувва дар пайкар надорам.

Чакида худ ба худ об аз ду дида,
Ба поям гашт маҳсиҳо дарида.
Наметонам дигар маҳсӣ харида,
Зи бас як пайсае дар бар надорам.

Каси нодор гашта байни мардум,
Надорам завқ, ки боре бихандум.
Бувад дар хонаам як халта гандум,
Чизе аз хурданӣ дигар надорам.

Расидам шукр, ки бар мӯсафедӣ,
Хамида шуд қадам чун чӯби беде.
Ба қалбам ҳеҷ гоҳе ноумедӣ
Зи халлоқу зи пайғамбар надорам.

пешина
аз 119
навбатӣ