Фурӯғи пирӣ

Боло зи ҷумла молу
Аз хонадонам астӣ.
Бошад сарат саломат,
Ёфтани мол осон.
Гапи моро бигирӣ,
Хонат марав, писарҷон.
Панди падар ва модар
Бар гӯши ӯ хато шуд,
Ҳушаш ба моли хона,
Бесабру бедаво шуд.
Соз нахобид он шаб,
Наздикии саҳар шуд.
Ноништае накарда
Ба зудӣ дар сафар шуд.
Он ними рӯз Аҳмад
То хона худ расонид,
Санҷида чор сӯи
Атрофи хонаро дид.
Ба дида диду донист
Молаш касе набурдаст,
Ягон шағолу рӯбоҳ
Мурғакеро нахӯрдаст.
Дар таги як чаноре
Бо бисту чор одам
Аз баҳри истироҳат
Аҳмад нишаст бо ҳам.
Ногоҳ пеши онҳо
Чор қотил баромад,
Ба бар камону тирдон,
Тапонча дар бар омад.
Гуфт яке аз онҳо:
Шумо зи ҷо наҷумбед,
Гӯё расид шуморо
Рӯзи қазо, наҷумбед.
Мо баста дастатонро,
Пас гуфтугӯ намоем.
Шинос мешавем пас
Шумо кӣ, мо киҳоем.
Дар дами ҳар камондор
Ҷои зӯригарӣ нест,
Дигар илоҷ надорӣ,
Дар ҷой мекунӣ ист.
Он бисту панҷ одам
Он ҷо нишастагӣ ҷим,
Он қотилон бубастанд
Дар банди дастҳо сим.
Боз ба лата баста
Чашмони ҳар кадоме,
Шуд рӯзи он ҷавонон
Баъд аз ҳазор шоме.
Бурданд баъди хуфтан
Дар як ҷӯи калоне,
Як-як қатл намуданд,
Сад ҳайфи ҳар ҷавоне.
Он Аҳмаду Умурзоқ
Дубора барнагардид,
Озод аз ғами ӯ
Модар, падар нагардид.
Чанд соле барояш
Он ҳарду ғусса хурданд,
Дар худи шаҳри Кӯлоб
Бо оҳу нола мурданд.
Монанди Тошбибиву
Монандаи Умурзоқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё