Фурӯғи пирӣ

Намонд аз пирӣ бар рӯям каме нур,
Ду чашмам хира гашта сурати кӯр.
Мани Қурбоналӣ рафтам ки дар гӯр,
Ба ҷуз Ҳақ раҳнамо дигар надорам.
ОШИҚИ ОБУ ЗАМИНИ ВАТАН
Рафт наврӯзи ману давраи сайри чаманам,
Гашт беқувва ҳама панҷаи ҳезумшиканам.
Сивуду гавҳари ноёб намонд андар ком,
Рафт ширинии ҳар луқма дигар аз даҳанам.
Гар ба маҳфиле нишаставу суханронӣ кунам,
Чун ҷавониам дигар мазза надорад суханам.
Бесаводаму вале шоири донишмандам,
Гӯӣ огоҳ ман аз банди ҳама илму фанам.
Ҳар кӣ пурсад, ки ба кӣ ту ишқи афзун дорӣ,
Ошиқи обу замини хокдони Ватанам.
Нест Қурбоналӣ аз шеър навиштан хомӯш,
Ҳаст то он нафасе ҷони ширин дар бандам.
ПАНД БА САРБОЗИ ВАТАН
Ҷавон бошиву гар аскар набошӣ,
Далере ҳамчу шери нар набошӣ,
Ба кишвар марди хизматгар набошӣ,
Магар аз хоки ин кишвар набошӣ.
Ватан бар ту ягона модаре ҳаст,
Туро аз тифлӣ тарбиятгаре ҳаст.
Ба қалбаш хоб ҳар ганҷу заре ҳаст,
Чаро ворис ба ганҷу зар набошӣ?
Ба олам Тоҷикистон кишваре ҳаст,
Дар он донотарин як сарваре ҳаст.
Ягона шоҳи мискинпарваре ҳаст,
Чаро ту ёри ин сарвар набошӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё