Фурӯғи пирӣ

Бикун коре, наранҷад модари ту,
Ба ҷо ҳар панди модар оварӣ ту.
Нагӯяд кас, ки лаънат бар сари ту,
Бидон, ту осии маҳшар набошӣ.
Мане, ки дидагӣ ҳаштод баҳорам,
Ба ту, сарбози чолоки диёрам,
Шунав, панду насиҳат беш дорам,
Зи ту хоҳам, ки исёнгар набошӣ.
МАРҲАМЕ НЕСТ
Магӯ дар синаи шоир ғаме нест,
Ба ӯ пайвасти ёрон, ҳамдаме нест.
Зи рӯи хоксорӣ сарбаландам,
Сарам дар пеши ҳар нокас хаме нест.
Чизе имрӯз ёбам ризқу рӯзӣ,
Маро парвои ҳар бешу каме нест.
Касе бадкор бошад байни мардум,
Бад одам дар ҳисоби одаме нест.
Ба рӯи сабзаву гулҳо баҳорон
Нигар, бе қатраҳои шабнаме нест.
Ба даври навҷавонӣ одамизод
Алифи қоматаш гашта хаме нест,
Касе нодида бошад қулфату ғам,
Хабардор аз дили пурмотаме нест.
Ба ҷуз парвардигор, Қурбоналӣ, дон,
Туро дар ҳарду олам марҳаме нест.
РӮЗИ ҶАМЪОМАДИ САРҚОНУН
Накӯбахтаст марде, ки
Зи Сарқонуни ин кишвар
Бихонад ӯ, бидонад ӯ,
Ҳама панд аст сар то сар.
Накӯбахт аст марде, ки
Чу мурғи субҳхез бошад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё