Фурӯғи пирӣ

Зи паҳлуи мунофиқҳо
Ҳамеша дар гурез бошад.
Накӯбахт аст марде, ки
Зи Сарқонун бихонад ӯ,
Ба нодонҳо зи маънояш
Намояд беш гуфтугӯ.
Накӯбахт аст марде, ки
Нашуд бангиву кукнорӣ,
Ҳаёташ беғубор асту
Надорад ӯ гунаҳкорӣ.
Накӯбахт аст марде, ки
Агар соҳибамал бошад,
Чу одил подшоҳ дилсӯз
Зи баҳри камбағал бошад.
Накӯбахт аст марде, ки
Дили касро наранҷонад,
Зи рӯи панди Сарқонун
Қадамҳо рост мемонад.
Накӯбахт аст халқе, ки
Диёраш тинҷу обод аст.
Зи меҳнат ёфта ризқаш,
Бидонедаш худодод аст.
Накӯбахт аст марде, ки
Ҳаётм беғаме дорад.
Дили баҳри саховат ӯ
Чу қалби Ҳотаме дорад.
Сияҳбахт аст шахсе, ки
Ба кас бадбахтӣ меорад.
Чунин нодон ба ҷони хеш
Тухми ғусса мекорад.
Сияҳбахт аст он шахсе
На илму не ҳунар дорад.
На аз пандеву гуфтори
Бузургоне хабар дорад.
Сияҳбахт аст номарде
Чу ҳайвон ҳаст рафтораш,
Диҳад озор дилҳоро
Чу захми хор гуфтораш.
Дар ин Сарқонуни кишвар
Чуқур карданд андеша,
Касе бадкор шуд, охир
Занад дар пои худ теша.
Дар ин Сарқонуни моён
Бувад пур аз насиҳатҳо,
Худо дар кишвари моён
Фаровон соз неъматҳо.
Ман аз номи Худо, ёрон,
Дамодам ёд месозам.
Ба рӯзи иди Сарқонун
Муборак бод месозам.
ҲАМЧУ ГИРДОБИ ҒАМ АСТ
Сарваре дидам ки ӯро чеҳрааш чун одам аст,
Дар дилаш лекин ниҳон ҷо гашта макри олам аст.
Раҳбари бераҳму беинсоф бо монанди ӯ
Дар миёни сарварони кишвари моён кам аст.
Дар идора пеши ӯ рафта бигӯӣ арзи ҳол,
Ҳарфи хуш бар ту нагуфта мисли хуки сархам аст.
Менамояд чеҳраи рӯяш хиҷолат ончунон,
Дида мегӯӣ дучори банди садҳо мотам аст.
Золиме пайдо бигашта, гар шавад меҳмони ӯ,
Баҳри вай ҳиматбаланде бо мисоли Ҳотам аст.
Мисли ӯ сарвар куҷо бошад бидон, Қурбоналӣ,
Бар сари садҳо фақирон ҳамчу гирдоби ғам аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё