Фурӯғи пирӣ

АЗОЗИЛ МЕШАВАД
Аз дурӯғгӯ чанд одамҳо сияҳдил мешавад,
Қалби хафа дар ҳисоби касали сил мешавад.
Баъзе мегӯяд дурӯғе аз замин то осмон,
Инчунин кас дар ҳисоби хасми қотил мешавад.
Одаме, ки шуд дурӯғгӯ, вай чӣ гуна одам аст?!
Нокасеву аз тамоми панд ғофил мешавад.
Ҳақтаоло гуфтагӣ дурӯғгӯ хасми ман аст,
Тира ин хел бандаро имони комил мешавад.
Одамиро дар ҷаҳон аз обу аз гил сохтанд,
Одами шайтонмиҷоз аз бадтарин гил мешавад.
Мешавад рӯзе ба қасди ҷони инсон одамӣ,
Ҷанги пурзӯри аҷал ногоҳ қобил мешавад.
Ҳар дурӯғгӯе бидонед,ки аз олам даргузашт,
Андар он дунё яқин зоти азозил мешавад.
ОДАМ НАШУМОР
Каси одамкуша ту ҳеҷ гаҳ одам нашумор,
Зи палангу гург ӯро ҳеҷ гаҳ кам нашумор.
Раҳбаре дузд шуду дурӯяву худпарвар,
Судбахшой варо қатраи шабнам нашумор.
Зи ҳама қомати зебост агар ар-арро,
Ту варо сурати ҳар каҷбед сархам нашумор.
Сину солаш гузарад, одам агар пир шавад,
Дигар ӯро писарам, беғаму бардам нашумор.
Ҳаст як сураи олии намозҳо алҳам,
Ҳар гапи сафсатаро сураи алҳам нашумор.
Ҳар куҷо бойи хасисе ба ҷаҳон бисёр аст,
Дили ҳар бойи хасисе дили Ҳотам нашумор.
Гуфт: Қурбоналӣ, ҳар кӣ сари одам бибурад,
Ту варо зоти мусулмони ду олам нашумор.
СИРОТРО МЕГУЗАРАМ
Аз рӯи пирӣ лоғарам,
Чун мурғи бе болу парам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё