Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар зиндагӣ рӯзи баду
Ҳар кулфат омад бар сарам.
Аз ин ҷаҳон рафт аз барам
Ҳам падару ҳам модарам.
Аз чанги марги беамон
Рафт апаву ду хоҳарам.
Ҳайфо, ки бигзашт аз ҷаҳон
Исмоналии додарам.
Рехт аз даҳон якборагӣ
Сиву ду дона гавҳарам.
То бар абад аз ман бирафт
Аз чеҳари нури ахтарам.
Монандаи испор хам
Гардид алифи пайкарам.
Монанди бобо низ ман
Охир зи олам бигзарам.
Дар сӯзи ғамҳо сӯхта
Монандаи чӯби тарам.
Дорам умеде аз дари
Халлоқи бандапарварам.
Хонад маро худ уммати
Пушти дари пайғамбарам,
Бо амри Ҳақ иншоллоҳ
Сиротро мегузарам.
Бо амри Ҳақ иншоллоҳ
Сере аз оби кавсарам.
Қурбоналиям, бандае
Аз осиён оситарам.
Ҳастам яке имонталаб,
Безор аз молу зарам.

ДАР ШОҲИ МО АСТ

Замони пеш ҳам ғоратгарӣ буд.
Зи садри нокасе худпарварӣ буд.
Зи баъзе сарварони каттанафсе
Хиёнаткориву ғоратгарӣ буд.
Вале як хислате маъқул будӣ—
Миёни халқ акаву додарӣ буд.

пешина
аз 119
навбатӣ