Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи қавлу ваъдаҳои баъзе раҳбар
Умеду суд буду боварӣ буд.
Адолатнокӣ буду раҳму инсоф,
Фузун ҷои сағерапарварӣ буд.
Чу ҳаждаҳсола будӣ ҳар ҷавоне,
Ҳаваснок аз барои аскарӣ буд.
Зи тири ҳар камони мерганҳо
Ҳама озод кабкони дарӣ буд.
Замони хуб омад боз бар мо,
Замони рафта хело кофарӣ буд.
Адолатманде дар шоҳи мо аст,
Зи одил шоҳ раҳмат бартарӣ буд.

БАДАХШОН

Хаёлам рафта бар сӯи Бадахшон,
Ба ҳар куҳсори бозуи Бадахшон.
Баҳорон чашмаҳои навбаҳорӣ
Равон гардад ба ҳар ҷӯи Бадахшон.
Ба сони гумбази шоҳона зебо
Бувад ҳар қомати кӯҳи Бадахшон.
Бубинӣ, нест камтар аз париён
Парирӯёни хушмӯи Бадахшон.
Расад андар димоғат бӯи Фирдавс
Баҳорон, ки шавад бӯи Бадахшон.
Сифатош ҳеҷ сарру бар надорад,
Нависам гар ба мавзӯи Бадахшон.
Дили Қурбоналӣ бо шавқи бебар
Чу булбул шуд ғазалгӯи Бадахшон.

БАҲОРИ ДУ ҲАЗОРУ ПАНҶУМ

Як бӯи хуше бар нафасам ин саҳар омад,
Овози хушу фораме бар гӯши сар омад.

Бархез, бигуфто, бинигар ҳусни ҷаҳонро,
Шукрона бигӯ, боз баҳори дигар омад.

пешина
аз 119
навбатӣ